ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Даҳҳо паноҳҷӯёни афғон, ки дар вилояти Суғд ба сар мебаранд, як ҷо бо сокинони маҳалллӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, Наврӯзротаҷлил намуданд
Дар қатори сокинони маҳаллӣ даҳҳо паноҳҷӯи афғон ҳамроҳи пайвандони худ барои чорабинии наврӯзӣ ба ин ҷо омада буданд.
Наврӯзи паноҳҷӯёни афғон дар Суғд, бо шинонидани ниҳол, ки аз суннатҳои ин ҷашни бостонӣ маҳсуб мешавад дар саҳну атрофи қасри фарҳанги ин ноҳия оғоз шуда, бо баргузории чорабинии фарҳангӣ ва пухтани оши палов — таъоми миллӣ халқҳои форсу тоҷик идома кард.Абдулмусовири Баҳодурӣ, раиси маҷмааи Ориёно ё намояндагии муҳоҷирони афғон дар Тоҷикистон гуфт, ки ҳамаи паноҳҷӯён хушҳол аз онанд, ки ҳоло дар фазои ором ва осудаи Тоҷикистон, кишвари барои мо дӯсту бародар ва ҳамсояи сиддиқу неки иди Наврӯзро бо шукӯҳ таҷлил карда метавонанд.
Таҳти номи “Дӯстии халқҳо” баргузор намудани иди Наврӯз дар Суғд ин ҳамгироӣ байни ду миллат: тоҷику афғон, ки фарҳангу забонашон як аст, мебошад”, — таъкид кард, Баҳодурӣ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон.
Таҷлили Наврӯз бо номи “Дӯстии халқҳо” бо иштироки гурезаҳои афғон дар ин ноҳияи Суғд бо мусоидати СММ дар Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Маллаева Нигина, ҳамоҳангсоз оид ба кор таъмин намудани гурезаҳо дар Тоҷикистон гуфт, ки ҳамасола онҳо иди Наврӯзро дар гӯшаву канори Тоҷикистон таҷлил мекунанд ва дар ин гуна чорабиниҳо гурезаҳои афғон озодона ва бидуни мушкил иштирок мекунанд.
“Бо даъвати худи паноҳҷӯёни афғон Наврӯзи имсол дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ҷашн гирифта шуд. Аз ин ташаббӯс ҳама хушҳол шуданд. Барои баргузории чорабинии “Дӯстии халқҳо” масъулони вилояти Суғд розигӣ доданд” — гуфт, Маллаева.
Бино ба иттилоъи ӯ, феълан шумори паноҳҷӯёни афғон дар Тоҷикистон ҳудуди даҳ ҳазор гуфта мешавад ва аз ин шумора 43 оила ва ё беш аз 210 нафар дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ба сар мебаранд.Дар суҳбатҳои сарироҳӣ аксар муҳоҷирони афғон изҳор намуданд, ки фарзандонашон ба таҳсил фаро гирифтаанд ва аз ҳеҷ мушкили иҷтимоӣ бим надоранд.