





Бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, бахшида ба «Рӯзи байналмилалии муҳоҷират», дар соли ҷорӣ дуюмин ярмаркаи калони ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид. Дар ҷараёни чорабинӣ талаботи корфармоёни дохилӣ ва хориҷӣ, инчунин имкониятҳои касбомӯзӣ пешниҳод карда шуданд. Ташкилоти ҷамъиятии «Кудакон, муҳоҷирон ва шаҳрвандони эҳтиёҷманд» (RCVC) дар ин чорабинӣ фаъолона иштирок намуда, бо мақсади бартараф намудани шуғли ғайрирасмӣ як қатор пешниҳодҳо пешниҳод кард. Ин ташаббусҳо аз ҷониби Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Солеҳа Холмаҳмадзода, ҷонибдорӣ ёфта, барои роҳандозии ҳамкории минбаъда бо Хадамоти назорати давлатии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурҳои дахлдор дода шуданд.