Машқи саҳроии омӯзишӣ-тақлидӣ
дар мавзӯи: «Омодагӣ ва вокунишҳо ба ҳолатҳои фавқулода дар алоқамандӣ бо убури оммавии гурезагон»
ТОҶИКИСТОН, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо (UNHCR) ва дигар шарикони рушд, тамрини серӯзаи моделиронӣ (SIMEX) дар Тоҷикистон баргузор намуд.
Ҳадафи аслии SIMEX санҷиши омодагӣ ва қобилияти вокуниши мақомотҳои дахлдори ҳукуматӣ ва созмонҳои калидии башардӯстона ва рушд ба офати эҳтимолии табиӣ ё вуруди паноҳҷӯёни бурунмарзӣ ба кишвар буд.
Чорабинӣ барои беҳтар кардани ҳамоҳангсозии сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои башардӯстона ва рушд, инчунин ба ҷонибҳои асосии манфиатдор барои санҷидани нақшаҳои омодагӣ ва вокуниш ба ҳолати изтирорӣ ва ошкор кардани камбудиҳои замина гардид.
Раиси КҲФ, намояндаи доимии СММ ва намояндаи Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо (UNHCR) дар суханронии ифтитоҳии худ аҳамияти SIMEX-ро дар баланд бардоштани омодагӣ ва вокуниши ҷонибҳои асосии манфиатдор таъкид карданд.
Намояндаи доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Рамасвами Парватӣ зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ гуфт: «SIMEX як чорабинии саривақтист, ки ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои башардӯстона ва рушд ва ҳамчунин созмонҳои ғайридавлатиро барои омодагӣ ба чунин ҳолатҳо муттаҳид мекунад. Мо имрӯз барои мубодилаи таҷрибаву дониш ва якҷоя амал кардан барои баррасӣ ва таҳияи стратегияҳо ва нақшаҳое, ки ба мо дар коҳиш додани таъсири ин мушкилот ба ҷомеаҳо кӯмак мерасонанд, ҷамъ омадаанд.
Дар SIMEX намояндагони муассисаҳои СММ, шарикони башардӯстона ва рушд, инчунин тақрибан 20 намоянда аз вазорату идораҳои гуногун, ки дар машқҳои моделиронӣ ширкат варзиданд, иштирок намуданд. Машқҳои моделиронӣ, ки аз 15 то 17 май баргузор шуданд, аз қисмати назариявӣ дар Душанбе ва қисмати амалӣ дар саҳро дар Маркази ҷойгиркунии муваққатии гурезаҳо дар Ҷалолиддини Балхӣ иборат буд.