



Дар шаҳри Ваҳдат маросими навбатии супоридани таҷҳизот ба ҳукумати шаҳр баргузор гардид, ки онро Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои гурӯҳҳои байнисоҳавӣ ташкил намуд.
Ба ихтиёри ҳукумат компютерҳо, кулерҳо, кондитсионерҳо, скутерҳои барқӣ бо платформаҳои боркаш ва дигар таҷҳизот дода шуд. Ин таҷҳизот ба баланд бардоштани самаранокии кори сохторҳои давлатӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва мусоидат ба беҳтар шудани шароити зиндагии муҳоҷирони бозгашта, паноҳҷӯёни афғон ва ҷомеаи мизбон кӯмак хоҳад кард. «Ин лоиҳа на танҳо барои ҳалли масъалаҳои амалӣ дар дастрасӣ ба хизматрасониҳо кӯмак мекунад, балки ҳамкории байни сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандиро низ рушд медиҳад. Дар маркази диққат ниёзҳои паноҳҷӯён ва муҳоҷирони бозгашта қарор доранд», — таъкид намуд муовини шаҳрдори Ваҳдат ва роҳбари гурӯҳи байнисоҳавии корӣ Шоира Абдурахмонзода. Ташаббус дар доираи механизми Лоиҳаҳои хурдии таъсири зуд (Quick Impact Small Projects) амалӣ гардида, бо иштироки фаъолонаи аъзои гурӯҳҳои байнисоҳавӣ, ки аз ҷониби СБМ Тоҷикистон якҷоя бо ТҶ «RCVC» таъсис ёфтаанд, татбиқ шуд.







