



Гурӯҳи кории байниидоравӣ платформаи ҳамкорӣ мебошад, ки намояндагони сохторҳои гуногунро барои ҳамоҳангсозии амалҳо, мубодилаи иттилоот ва ҳалли мушкилоти маҳаллӣ ҷамъ меорад. Ҳадафи ин гурӯҳҳо беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ, тандурустӣ, маориф ва шуғл барои паноҳандагони афғон ва ҷомеаҳои мизбон мебошад.
Гурӯҳҳои кории байниидоравӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Кӯшониён ва Ҷаббор Расулов таъсис дода шудаанд. Онҳо ҳамчун майдон барои муколама ва қабули қарорҳои муштарак хизмат мекунанд, то дастгирии ҷомеа ва расонидани хизматрасониҳоро тақвият бахшанд.
Мизи мудаввар фазои кушода барои мубодилаи таҷриба, андеша ва пешниҳодҳо бо иштироки роҳбарон ва аъзои гурӯҳҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва намояндагони ҷомеаи афғон фароҳам овард.
Дар муҳокимаҳо масъалаҳои мавҷуда, роҳҳои ҳалли муштарак, ҷамъоварии тавсияҳои амалӣ ва муайян кардани самтҳои минбаъда баррасӣ шуданд.
Лоиҳа бо дастгирии молиявии Вазорати муҳоҷират, паноҳандагон ва шаҳрвандии Канада (Immigration, Refugees and Citizenship Canada – IRCC) амалӣ мегардад.



IOM in partnership with RCVC held a roundtable on the topic: “Activities of Interagency Working Groups.”
An Interagency Working Group is a collaborative platform that brings together representatives from various sectors to coordinate actions, share information, and jointly address local challenges. These groups aim to improve access to social services, healthcare, education, and employment for Afghan refugees and host communities.
Interagency Working Groups were established together with local authorities in Vahdat city and the districts of Rudaki, Kushoniyon, and Jabbor Rasulov. They serve as a space for dialogue and collective decision-making to strengthen community support and service delivery.
This project is funded with the financial support of Immigration, Refugees and Citizenship Canada (IRCC).